Ссылки доступа

Аз Порлумони Аврупо хостанд, шаш талаби мухолифинро ба Э.Раҳмон расонад


Президент Франции Эмманюэль Макрон и глава Евросовета Шарль Мишель
Президент Франции Эмманюэль Макрон и глава Евросовета Шарль Мишель

Масъулони як созмони вобаста ба мухолифини тоҷик дар хориҷа аз раҳбарияти Порлумони Аврупо хостаанд, ки шаш талаби онҳоро дар мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон дар миён бигузоранд.

Интизор меравад, ҳафтаи оянда Эмомалӣ Раҳмон бо як сафар ба Фаронса ва Белгия биравад.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ, қароргоҳаш дар Лаҳистон, рӯзи 8-уми октябр дар нома ба Порлумони Аврупо гуфтааст, аз Эмомалӣ Раҳмон тақозо кунанд, ки мухолифони сиёсии зиндонияшро озод намояд.

Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта вуҷуди зиндониҳои сиёсиро дар кишвар рад кардаанд.

Инчунин, дар нома хоста шудааст, "ҳукуматро аз чанголи хонаводааш раҳо созад; ба дархости созмонҳои байнулмилалӣ дар бораи озод кардани мухолифони сиёсӣ посух диҳад; фаъолияти аҳзоби сиёсӣ ва гурӯҳу ҷунбишҳо дар кишвар озод бошад; ҳукумат ва шахси Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни асосӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи башарии ҷаҳонӣ пойбанд гарданд; шаҳрвандони бепаноҳи афғонистонӣ билофосила дар кишвар ҷой дода шаванд."

Мақомот ҳанӯз ба ин дархост ба таври расмӣ посух надодаанд. Маълум нест, оё ин масъалаҳо дар мулоқоти мансабдорони аврупоӣ бо раисҷумҳури Тоҷикистон матраҳ мешавад ё не.

Раисҷумҳури Тоҷикистон 25-уми августи имсол, пас аз эъломи мавқеаш дар баробари "Толибон", бо президенти Фаронса ва намояндагони дигари Иттиҳоди Аврупо суҳбати телефонӣ дошт. Он замон Қасри президенти Фаронса гуфт, оқои Раҳмон 13-уми октябр бо даъвати президенти Фаронса, Эммануэл Макрон, ба Париж сафар хоҳад кард.

Шарл Мишел, президенти Шӯрои Аврупо, низ рӯзи 26-уми август дар Твиттер навишта буд, ки президент Раҳмонро моҳи октябр ба Брюссел даъват кардааст.

Тахмин зада мешавад, ки масъалаи Афғонистон ва вазъи амнияти минтақа аз масъалаҳои асосии мулоқот хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG