Ссылки доступа

Ширкатдорони роҳпаймоии эътирозӣ аз Ӯш ба Бишкек расиданд


Сокинони деҳаи Дийкан-Киштаки ноҳияи Қарасуи вилояти Ӯши Қирғизистон, ки аз тахриби манзилҳояшон норозӣ ҳастанд, ба Бишкек расиданд.

Онҳо аз вилояти Ӯш то шаҳри Бишкек пиёда роҳ паймуданд.

Ширкатдорони роҳпаймоии эътирозӣ рӯзи 11 октябр гуфтанд, онҳо назди Бинои ҳукумат расидаанд. То ин замон онҳо дар қабулгоҳи ҷамъиятии президент ҳам будаанд.

Чаҳор сокини ноҳияи Қарасуи вилояти Ӯш давоми 11 рӯз ба шаҳри Бишкек расиданд. Онҳо гуфтанд, аз ҳукумат хостаанд, ки мушкили эҷодшударо одилона ҳаллу фасл ва ҳокими пешини ноҳияи Қарасу Тилек Матраимовро ба ҷавобгарӣ ҷалб кунад.

Ба гуфтаи онҳо, дар соли 2018 заминҳои ноҳияи Қарасу тағйири шакл карда, аз сӯи ҳокими вақти Қарасу Матраимов барои сохтмони манзил, ғайриқонунӣ ба ширкати "Ихлос" дода шуданд. "Ҳоло мехоҳанд, манзилҳоеро тахриб кунанд, ки сокинони қаторӣ бунёд кардаанд", - гуфтан эътирозгарон.

Тилек Матраимов 8 сол раиси ноҳияи Қарасу буд. Моҳи октябри соли 2020 ӯро ҳангоми убури ғайриқонунии марзи Қирғизистон бо Узбекистон боздошт ва аз мақом барканор карданд. Як моҳ баъди боздошт бо қарори додгоҳи шаҳрии Ӯш Матраимов ба ҳабси хонагӣ фиристода шуд. Дертар додгоҳ додгдоҳ ӯро 220 ҳазор сом, муодили 1,5 ҳазор доллар ҷарима кард.

Матраимов ва ё вакилони мудофеи вай то кунун қазияи тақсими заминҳоро шарҳ надодаанд. Мақомоти маҳаллии ноҳияи Қарасу мегӯянд, тахриби манизили сокинон қонунӣ аст.

XS
SM
MD
LG