Ссылки доступа

Дар Панҷшер чанд гӯри дастҷамъӣ ёфтанд? Иттилои ба ҳам зидди сафир ва "Толибон"


Панджшер
Панджшер

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон иддао кард, ки дар вилояти Панҷшер гӯрҳои дастҷамъии тақрибан 400 нафар ёфт шудааст. Гуруҳи "Толибон", ки назорат бар Афғонистонро ба даст дорад, ҳафтаи гузашта дар бораи кашфи як гӯри дастҷамъӣ дар ин минтақа хабар дода буд.

Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, 11-уми октябр дар нишасти матбуотӣ гуфт, аз чанд вилоят барояш хабар додаанд, ки қабрҳои дастҷамъӣ ёфтанд.

"Дирӯз бо яке аз ҳамватанон суҳбат доштам. Зиёда аз 400 нафарро бе маҳкама парронда, дастаҷамъӣ дафн кардаанд. Дар деҳае, ки ман зиндагӣ мекардам, дар як чуқурӣ 13 ҷавонро ба қатл расондаанд. Онҳо ноновари хонадони худ буданд, на ба даст силоҳ доштанду на дохили ҷанг буданд, балки дар замин кишту кор мекарданд", -- нақл кард ӯ.

Тасдиқ ё радди иттилоъ аз сӯи манобеи мустақил ғайриимкон аст.

Дар толори баргузории нишаст чанд акс ҳам ба намоиш гузошта шуда буд, ки ба қавли сафир, "далели ҷиноятҳои ҷангӣ ва қатли ом аз сӯи "Толибон" мебошад."

Дар ҳамин ҳол, Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон ва раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, дар нишаст гуфт, сафири Афғонистон бояд далелҳоро ба Созмони Милал ва ниҳодҳои дигари ҷаҳонӣ низ фиристад. "Бисёр ҷойи ҳайрат аст, ки Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои ҳуқуқи башар гуё кару кӯр шудаанд. Мо намедонем, ки бояд чӣ қадар одам кушта шавад, то ҷаҳониён онро наслкушӣ эътироф кунанд?" – гуфт ӯ.

Ҳафтаи гузашта "Толибон" дар бораи кашфи як гӯри дастҷамъӣ иттилоъ дод. Мавлавӣ Оғомир, масъули истихбороти "Толибон" дар Панҷшер, 8-уми октябр ба Радиои Афғонистони Озод гуфт, "гуруҳе аз афрод, ки дар ҷараёни набард кушта ва аз сӯи сокинон зери хок шуда буданд, акнун пайдо шуданд."

Ба қавли манобеи "Толибон", ин гӯри дастҷамъӣ дар деҳаи Бахшихели ноҳияи Рухаи вилояти Панҷшер кашф шуда, "аз он се ҷасадро берун оварданд", аммо сокинони маҳаллӣ дар бораи ба камияш ҳашт ҷасад суҳбат мекарданд.

"Толибон" пас аз тақрибан се ҳафтаи ишғоли Кобул, моҳи сентябри имсол, гуфт, ки вилояти Панҷшерро ҳам зери назорат даровард. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмад Масъуд иддао дорад, ки Панҷшер пурра вожгун нашудааст ва даргирӣ идома дорад.

Гуруҳи тундгарои "Толибон" дар нимаи моҳи август ва пас аз бист соли сарнагунии ҳокимияташ дигарбора назорат бар Афғонистонро ба даст гирифт. Бо вуҷуди онки масъулони гуруҳ мегӯянд, дар муқоиса ба даврони аввали ҳукмронӣ муътадил ҳастанд, дар якуним моҳи гузашта дар чанд маврид ба қатли афроди мулкӣ гунаҳкор шудаанд.

Аз ҷумла, дар оғози моҳи октябр созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International) дар гузорише гуфт, ки нерӯҳои "Толибон" моҳи августи имсол, ду ҳафта баъд аз сарнагунии ҳукумати рӯ ба ғарби Кобул, 13 ҳазора, аз ҷумла, як духтари ҳабдаҳсоларо куштаанд.

XS
SM
MD
LG