Ссылки доступа

Мақомот номаи пеш аз худкушии сокини ноҳияи Айниро тафтиш мекунанд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Мақомот номаи пеш аз худкушии сокини ноҳияи Айниро тафтиш мекунанд. Мақомоти додситонӣ ва Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Айнӣ номаи Ғиёсиддин Аюбзодаи 27-сола, корманди собиқи “Амонатбонк”-ро, ки пеш аз худкушӣ навиштааст, таҳқиқ мекунанд. (видео)

- Пули қандилҳои кӯчагии Кӯлобро кӣ пардохт мекунад? (видео)

- Вайронаҳои Панҷакенти қадимро обод мекунанд. Дар Тоҷикистон тармиму бозсозии шаҳри Панҷакенти қадима оғоз ёфт, ки бо сармоягузории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷараён мегирад. Ёдгории машҳури бостонӣ 17 гектар масоҳат дорад ва тарҳи эҳё ва ҳифзи он дар озмуни нигаҳдории ёдгориҳои бостонии Осиёи Марказӣ пирӯз гардид. (видео)

- Наргис Бандишоева. Дурахшиду рафт. ​Агар умр вафо мекард, овозхони маъруф Наргис Бандишоева 8-уми октябр ба синни 55 мерасид. Ӯ моҳи сентябри соли 1991 ба таври фоҷиавӣ дар як садамаи роҳ ҷон бохт. (видео)

- Муҷозот барои таълими ғайрирасмии динӣ шадидтар мешавад. (видео)

- Муродбек Насриддинов: "Ҳунарманд бояд сабку садои худро дошта бошад". Муродбек Насриддинов, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон рӯзи 6-уми октябр ба синни 70 расид. Радиои Озодӣ ба ин муносибат бо ӯ суҳбате дошт ва аз кору рузгораш пурсид (видео)

- Мақомот гуфтанд, ҳамаро дар Душанбе эм карданд, вале шубҳаҳо ҳаст. Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар як изҳороти баҳсбарангез гуфт, сокинони аз 18-сола болои Душанбе (ба истиснои занони ҳомила ва гирифторони бемориҳои ирсӣ) зидди коронавирус эм карда шуданд. Вале баъзе аз сокинони пойтахт, аз ҷумла ҷавонон, мегӯянд, то ҳол ваксинаи зидди COVID-19 нагирифтаанд. (видео)

- Аз ҳамсари профессори тоҷик хостаанд, хонаи ӯро холӣ кунад. Мақомот дар шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон, аз хешовандони даҳҳо кормандони собиқи давлат хостаанд, ки хонаҳоро тарк кунанд, зеро дигар ҳаққи зиндагӣ дар онҳоро надоранд. Хонаводаи Абдулҳамид Паҳлавонов, профессор ва корманди шоистаи Тоҷикистон, яке аз онҳост. Тафсилотро дар видео бинед. (видео)

- Пандемия бисёриҳоро дар Тоҷикистон аз кор маҳрум кард, вале... Дар якуним соли охир, ки иқтисоди Тоҷикистон зери фишори пандемия аст ва бисёре аз соҳаҳо дучори рукуд шудаанд, 30 ташаббускор дар ноҳияҳои тобеи пойтахт бо гирифтани қарзи боимтиёз ва грантҳои Бонки Ҷаҳонӣ тавонистаанд, кори худро шуруъ кунанд. (видео)

- Даъвати Русия аз Тоҷикистон ва "Толибон" чӣ паёмҳо дорад? Алексей Зайтсев, муовини сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Русия, рӯзи 30-юми сентябр гуфт, Маскав аз афзоиши таниш байни Тоҷикистон ва "Толибон" нигарон аст. Вокуниши коршиносон аз Душанбе ба ин изҳорот. (видео)

- Ҳоли паноҳҷӯёни афғон дар марзи Тоҷикистон бадтар шудааст. Гуруҳе аз паноҳҷӯёни афғон дар марзи Тоҷикистон мегӯянд, баъд аз таҳдидҳои "Толибон" хаймаҳояшонро канданд ва зери осмони бозу ҳавои сард зиндагӣ мекунанд. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.​

XS
SM
MD
LG