Ссылки доступа

Қазоқистон шаҳрвандонашро бо мояи севуми ваксина эм мекунад


Вазорати тандурустии Қазоқистон эълом кардааст, ки шаҳрвандони ин кишвар бо мояи севуми ваксинаи зидди коронавирус эм карда мешаванд.

Ин хабар дар саҳифаи фейсбукии вазири тандурустии Қазоқистон Алексей Сой нашр шудааст. Дар хабар гуфта шуда, ки эмкунии навбатӣ дар нимаи дувуми моҳи ноябри имсол оғоз мешавад.

Ба иттилои манбаъ, бо мояи севуми ваксина қазоқистониҳои шомил ба гуруҳҳои осебпазир, аз ҷумла кормандони тиббӣ, ниҳодҳои қудратӣ, омӯзгорон ва шахсони аз 60-сола боло, ки натиҷаи тести антителаи онҳо манфӣ баромадааст, эм карда мешаванд.

Шаҳрвандоне, ки ҳар ду мояи ваксинаи "Спутник V"-ро гирифтаанд, баъди 9 моҳ бо ваксинаҳои "Sinopharm", "CoronaVac", "Hayat-Vax", "QazVac" ва "Pfizer" эм карда хоҳанд шуд. Шахсоне, ки нахуст бо "Sinopharm", "CoronaVac", "Hayat-Vax", "QazVac" эм шудаанд, баъди шаш моҳ ваксинаи "Спутник V" ё "Pfizer"-ро мегиранд.

XS
SM
MD
LG