Ссылки доступа

“Human Rights Watch”: Дар Узбекистон рақибон аз ҳаққи ширкат дар интихоботи президентӣ маҳруманд


Созмони ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch гуфт, дар Узбекистон "рақибон аз ҳаққи ширкат дар интихоботи президентӣ маҳруман".

Ин созмон ҳамчунин аз маҳдудияти расонаҳо ва ширкати сиёсӣ дар интихоботи пешорӯ ҳушдор дод.

Дар гузориши созмон, ки рӯзи 13 октябр нашр шуд, омадааст, ин маҳдудиятҳо "чаҳорчубаи ислоҳотеро ошкор мекунанд", ки таҳти роҳбарии президент Шавкат Мирзиёев рӯи даст гирифта шудаанд.

"Узбекистон бо эъломи ислоҳот таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб кард, аммо маҳдудиятҳои ахири вобаста ба ҳуқуқи инсон дар ин кишвар ва мавҷуд набудани мухолифон ва ё номзадҳои мухолиф дар интихобот ошкор мекунад, ки ин (ислоҳот) даъвое беш нест", - омадааст дар гузориши созмон.

Мирзиёев баъди марги Ислом Каримов дар соли 2016 сари қудрат омад.

Вай ба маҳзи ба курсии президентӣ нишастан ваъдаи ислоҳот дода буд.

Дар интихоботи президентии Узбекистон панҷ номзад ширкат доранд, ки ҳеч кадоми онҳо аз ҳукумати феълӣ интиқод намекунанд.

XS
SM
MD
LG