Ссылки доступа

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, дар Ҷамбил муҳимоти ҷангӣ метаркад


Вазорати мудофиаи Қазоқистон хабар дод, ки ба маҳвсозии боқимондаи муҳимоти ҷангӣ дар анбори аслиҳа дар вилояти Ҷамбил шуруъ кардааст.

Бино ба нақшаи вазорат, таркондани муҳимот то 13 ноябр идома мекунад.

"Барои ин амал майдони 12 километр дуртар аз қисми низомӣ ва маҳалли аҳолинишин ҷудо шудааст", - хабар доданд дар вазорат.

Рӯзи 26 август дар ноҳияи Байзаки вилояти Ҷамбил анбори аслиҳа таркид. Дар натиҷа 17 кас кушта ва наздики 100 каси дигар ҷароҳат бардошт.

Ҳамчунин 106 манзили зист, 12 иншооти тиҷорӣ ва 3 мактаб хисорот дид.

XS
SM
MD
LG