Ссылки доступа

Ҳаракати мусофирбарҳо миёни Тоҷикистону Узбекистон дубора роҳандозӣ шуд


Ҳаракати автобусҳои мусофирбар дар масири Хуҷанд-Тошканд-Хуҷанд аз сар гирифта шуд. Ширкати "Asian Express" дар саҳифаи худ дар Фейсбук хабар дода, ки нахустин автобус 18 октябр аз самти Тоҷикистон ба Узбекистон ҳаракат мекунад.

Тибқи ҷадвал, автобус соати 6 субҳ аз Хуҷанд ҳаракат карда, соати 18:00 аз шаҳри Тошканд бармегардад. Дар ҳоли ҳозир миёни ду шаҳр рӯзона як автобус ҳаракат мекунад.

Ба гуфтаи намояндагони ширкат, қарор аст шумори автобусҳо дар рӯз то ба 2-3 адад расонида шавад.

Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми гузаштан аз марзи Узбекистон бояд гувоҳномаи ваксина ё натиҷаи манфии санҷиши коронавирусро нишон диҳанд.

Интизор меравад, аз 20 октябр ҳаракати автобусҳои мусофирбар миёни шаҳри Панҷакенти Тоҷикистону шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанди Узбекистон низ ба роҳ монда шавад.

Ҳаракати автобусҳои мусофирбар миёни Узбекистону Тоҷикистон дар оғози пандемияи коронавирус қатъ шуда буд.

XS
SM
MD
LG