Ссылки доступа

Русия мехоҳад, ба тифлони "нимарус" имтиёз диҳад


Вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, Маскав қасд дорад, ба тифлоне, ки аз издивоҷи омехта (яке аз волидон шаҳрванди Русия аст, дигаре хориҷӣ) дар ҳар гӯшае аз ҷаҳон ба дунё омадаанд, ба таври автоматӣ ё худкор шаҳрвандии ин кишварро бидиҳад.

Сергей Лавров гуфт, "мо итминон дорем, чунин оилаҳо дар ҳар куҷое, ки ҳастанд, дар Русия ё кишвари хориҷӣ, мутобиқи Конститутсия кӯдак уҳдадор аст, ба таври худкор шаҳрвандӣ бигирад."

Муовини раиси Думаи давлатии Русия, Анна Кузнетсова, аз ташаббуси Лавров пуштибонӣ кард. Вай бовар дорад, ба таври худкор гирифтани шаҳрвандии Русия "барои бисёр оилаҳо фоидаовар хоҳад буд ва ба онҳо барои ҳалли осони масъалаҳои гуногун кумак хоҳад кард."

Сергей Тсеков, узви Кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба корҳои байнулмилалӣ, пешниҳод кард, ки чунин тағйирот ба қонунҳо аз ҷониби ҳукумат ворид карда шавад.

Вай ҳамзамон пешниҳод кард, ки гирифтани шаҳрвандиро барои русҳое, ки дар Украина ва Беларус ҳастанд, "содда кунанд".

Кӯдаконе, ки ҳосили никоҳи омехта ҳастанд (яъне яке аз волидон шаҳрванди Русия ва дигаре хориҷӣ мебошанд), ҳоло низ тибқи қонун метавонанд ба таври содда шаҳрвандӣ гиранд, аммо барои ин бояд ариза пешниҳод кунанд.

XS
SM
MD
LG