Ссылки доступа

ИМА барои мубориза бо COVID-19 $2,4 миллион кӯмак мекунад


ИМА тавассути Оҷонсии Амрико дар умури рушди байналхалқӣ (USAID) эълом кард, ки ба Қазоқистон дар амри мубориза бо COVID-19 дар ҳаҷми 2,4 миллион доллар кӯмак мерасонад.

Дар ин бора рӯзи 18 октябр дар сомонаи сафорат ва консулгарии ИМА дар Қазоқистон иттилоъ дода шудааст.

Аз ибтидои вабои коронавирус ИМА ба Қазоқистон бештар аз 6,8 миллион доллар кӯмак расонидааст.

Ба иттилои сафорати ИМА дар Қазоқистон, USAID бештар аз 5 ҳазор корманди соҳаи тибро барои мубориза бо коронавирус омӯзиш додааст.

XS
SM
MD
LG