Ссылки доступа

Узбекистониҳоеро, ки воксини чиниву узбекӣ гирифтаанд, ба ҳаҷҷи умра роҳ намедиҳанд


Шаҳрвандони Узбекистонро, ки воксини зидди коронавирус - истеҳсоли муштараки Узбекистон Чинро гирифтаанд, барои адои ҳаҷҷи умра дар Арабистони Саудӣ роҳ надоданд.

Гуфта мешавад, воксини муштараки Чину Узбекистон ZF-UZ-VAC2001 дар Созмони ҷаҳонии тандурустӣ сабт нашудааст ва ба ҳамин далел дар Арабистони Саудӣ эътироф намегардад.

Сомонаи иттилоотии Podrobno.uz навишт, мақомоти Узбекистон барои эътирофи воксини мазкур бо мақомоти Арабистони Саудӣ дар ҳоли гуфтугӯ ҳастанд.

Нурмат Отабеков, як мақомдори Хадамоти беҳдоштии Узбекистон гуфт, ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои сабти воксини муштараки Узбекистону Чин ба Созмони тандурустӣ ирсол шудааст.

Пештар аз ин мақомоти Арабистони Саудӣ гуфтанд, шаҳрвандони Узбекистон дар сурати гирифтани яке аз воксинҳои аз сӯи Созмони тандурустӣ эътирофшуда, метавонанд, ба адои ҳаҷҷи умра ба он кишвар раванд.

XS
SM
MD
LG