Ссылки доступа

Президенти Ҷумҳурии Чех ба далели носиҳатӣ метавонад, аз ваколатҳояш маҳрум шавад


Прага
Прага

Милош Земан, президенти Ҷумҳурии Чех дар ҳоли ҳозир қодир ба иҷрои ваколатҳояш нест ва эҳтимоли дубора ба кор баргаштанаш низ хеле кам аст.

Ин иттилоъро Бемористони марказии низомии Чех нашр кард, ки Земан бештар аз як ҳафта онҷо бистарӣ аст. Раиси палатаи болоии порлумони Чех Милош Вистрчил гуфт, дар чунин вазъият чорае ҷуз интиқоли ваколатҳои президент ба роҳбарони дигар боқӣ намемонад.

Раиси Сенати Чех гуфт, Земан аз ваколатҳояш маҳрум намешавад, балки ваколатҳои вай, бар асоси талаботи Конститутсия, муваққатан ба роҳбарони дигар дода мешавад.

Аммо атрофиёни Земан мегӯянд, президент, сарфи назар аз бемориаш, метавонад кор кунад ва ин мухолифони президент ҳастанд, ки мехоҳанд, ӯро аз мақом барканор кунанд.

Президент Земан бештар аз як моҳ аст, ки дар миёни мардум дида нашудааст. Вай баъди интихоботи порлумонӣ бистарӣ шуд.

Барои интиқоли ваколатҳои президент бояд ҳар ду палатаи порлумони Чех раъй диҳад. Дар сурати анҷом шудани ин кор, ваколатҳои президент байни сарвазир ва раиси палатаи поёнии порлумон тақсим мешаванд. Ба ин тартиб, раиси порлумон сарвазири навро таъйин мекунад. Эҳтимол аст, сарвазири Чех аз мухолифони Земан таъйин шавад, ки дар интихоботи ахири порлумонӣ пирӯз шуданд.

Навъи бемории Земанро ошкор намекунанд, зеро қонунгузории Чех талаб мекунад, ки барои ошкор кардани он ризояти бемор пурсида шавад. Расонаҳо бо такя ба манобеи худ навиштанд, ки Земани 77-сола аз дарди ҷигар ранҷ мекашад.

XS
SM
MD
LG