Ссылки доступа

Омӯзгорон дар Узбекистон шикоят доранд, ки интихоботи президентӣ монеи фаъолияти онҳо шудааст


Дар Узбекистон мудирони мактабҳои миёна тасдиқ мекунанд, ки омӯзгоронро ба кори комисияҳои интихоботӣ ҷалб кардаанд.

Мудирони мактабҳо гуфтанд, омӯзгорон аз дарсдиҳӣ муваққатан озод шуда, фанҳои онҳоро омӯзгорони дигар пеш мебаранд.

Комисияи марказии интихоботии Узбекистон низ тасдиқ мекунад, ки бори "гарон"-и баргузории интихоботи президентӣ бар дӯши омӯзгорон афтодааст.

Омӯзгорон аз ин ки ба омодагиҳо ба баргузории интихоботи президентӣ ҷалб шудаанд, норозӣ ҳастанд.

"Ояндаи кӯдакон чи мешавад? Намешуд, ки ба ин кор омӯзгоронро ҷалб накунанд?!", - шикоят кардаанд омӯзгорон ба расонаҳои маҳаллӣ.

Бино ба қонунгузории Узбекистон, қитъаҳои раъйдиҳӣ на камтар аз 40 рӯз пеш аз рӯзи интихобот ташкил мешаванд. Омӯзгорон шикоят доранд, ки 40 рӯз аз фаъолияти асосии омӯзгориашон барканор ва ба кори интихобот ҷалб шудаанд.

Интихоботи президентӣ дар Узбекистон рӯзи 24 октябр баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG