Ссылки доступа

Истеъфои Халилзод аз мақоми фиристодаи ИМА дар Афғонистон


Залмай Халилзад
Залмай Халилзад

Баъди аз Афғонистон берун шудани нирӯҳои ғарбӣ, Залмай Халилзод ҳам аз мақоми фиристодаи аршади ИМА дар ин кишвари ҷангзада канор рафт.

Дар як изҳороташ рӯзи 18-уми октябр котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен гуфт, Халилзод, ки пеш аз дар Афғонистон сари қудрат омадани “Толибон”, музокиротро бо ин гурӯҳи исломӣ ба роҳ монда буд. Ҷои Халилзоди 70-соларо дар ин мақом Томас Вест ишғол мекунад.

Халилзод дар номаи истеъфояш аз корҳои кардааш ҳимоят кард ва айни замон эътироф кард, ки бархе корҳоеро, ки мехост, иҷро карда натавонист. Ӯ дар номааш ба Блинкен, аз ҷумла, навишт: “Машваратҳои сиёсии миёни ҳукумати Афғонистон ва “Толибон”, онгуна, ки пешбинӣ мешуд, пеш нарафт”. Ӯ афзуд: “Далелаш печида аст ва ман дар рӯзу ҳафтаҳои наздик назарамро дар ин бора иброз медорам”.

Томас Вест, ки ба ҷои Халилзод таъин шудааст, дар даври охири музокирот бо “Толибон” дар Қатар ҳайати ИМА-ро намояндагӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG