Ссылки доступа

Ширкати эстонӣ ба коркарди партовгоҳи шаҳри Бишкек шуруъ кард


Рӯзи 18 октябр дар партовгоҳи шаҳри Бишкеки Қирғизистон коркарди дубораи партов шуруъ шуд. Дар ин бора дар маркази матбуотии шаҳри Бишкек хабар доданд.

Гуфта мешавад, дар моҳи сентяби соли ҷорӣ шаҳрдории Бишкек ду маротиба ба Бонки бозсозӣ ва рушди Аврупо нома фиристода, хостори бекор кардани созишнома бо ширкати эстонӣ шудааст. Зеро, ширкати эстонӣ 1,5 сол тарки Қирғизистон ва ҳамаи корҳоро дар партовгоҳ қатъ кардааст.

"Ширкати эстонӣ гуфт, тасмими дубора ба роҳ мондани корҳо дар партовгоҳ аст. Нақша тартиб ва тасдиқ шудааст. Иҷро накардани шартҳо дар муҳдати пешбинишуда боиси бекор гардидани созишнома хоҳад шуд", - хабар доданд дар шаҳрдории Бишкек.

Пештар аз ин шаҳрдори Бишкеки Қирғизистон Ойбек Ҷунушалиев дар як нишасти хабарӣ рӯзи 7 откябр гуфта буд, тасмим дорад, созишномаи коркарди партови шаҳриро бо ширкати эстонии Ehitusfirma Rand Ja Tuulberg AS бекор созад.

Ба гуфтаи Ҷунушалиев, аз 22 млн еврои ҷудокардаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд то имрӯз 10,5 млн он аз худ карда шудааст.

"Аммо шумо шоҳид ҳастед, ки чизе тағйир наёфтааст. Мо масъалаи қонунӣ будани тендерро бардоштем, ки дар он ширкати эстонӣ пирӯз шуда буд. Вақте мо сомонаи онҳоро санҷидем, онҳо дар умури коркарди партовҳо таҷриба надоштанд. Мо ба ширкат огоҳнома ирсол кардем, ки созишномаро бекор месозем. Аммо ҷониби Эстония бо ҳар гуна мактубҳо масъаларо ба дарозо мекашад", - гуфт шаҳрдори Бишкек.

Вай афзуд, ҳоло вазъ дар партовгоҳи шаҳрӣ хатари муҳитзистиро ба бор овардааст.

Ҳанӯз дар соли 2017 хабар дода шуда буд, ки ширкати эстонӣ ба коркарди партовгоҳи шаҳрии Бишкек шуруъ кардааст. Он замон гуфта мешуд, ки давоми ду сол партовгоҳи нав сохта мешавад.

XS
SM
MD
LG