Ссылки доступа

Туркия ду мухолифи ҳукумати Туркманистонро дастгир кард


Туркменские активисты протестуют против правительства Туркменистана. Нью-Йорк, США, 30 сентября 2021 г.

Ду фаъоли ҳаракати эътирозии зидди ҳукумати Туркманистон дар миёни муҳоҷирони ин кишвар дар Туркия 18 октябр боздошт шуданд.

Дар ин бора Бунёди Ҳелсинкии Туркманистон оид ба ҳуқуқи башар изҳоротеро нашр кард. Аҳмад Раҳмонови 47-сола ва Комил Абулови 35-сола боздошт ва ба маркази ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ дар Туркия интиқол дода шудаанд.

Раҳмонов мудири саҳифаи гуруҳи "Интихоби демократии Туркманистон" дар шабакаҳои иҷтимоӣ буд. Вай ҳукумати Туркманистонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ошкоро танқид мекард.

Абулов 1 августи соли равон ҳангоми кушиши баргузории эътироз дар назди бинои консулгарии Туркманистон дар шаҳри Истамбули Туркия дастгир шуда буд. Вале дертар озод гашт.

Раҳмонов 18 октябр барои тамдиди муҳлати иҷозатномаи зисти худ ба шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати Туркия дар Анталия рафтааст. Сипас тамос бо ӯ қатъ гаштааст. "Имрӯз маълум шуд, ки ӯро ба маркази ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ бурдаанд", - омадааст дар изҳорот.

Абулов шоми 18 октябр дар манзили зисташ дар Истамбул дастгир шудааст. Ҳамсари Абулов гуфтааст, рӯйхати 28 касе мавҷуд аст, ки бояд бо дархости консулгарии Туркманистон дастгир шаванд.

Мақомоти Туркия ва Туркманистон то ҳол боздошти фаъолонро шарҳ надодаанд.

XS
SM
MD
LG