Ссылки доступа

Харҷи лоиҳае, ки ширкати марбут ба вазири сохтмони Узбекистон иҷро мекунад, $42,5 млн афзоиш ёфт


Для строительства Центра исламской цивилизации были снесены около 250 домов, расположенных вокруг комплекса Хазрати Имам (Хаст Имам).
Для строительства Центра исламской цивилизации были снесены около 250 домов, расположенных вокруг комплекса Хазрати Имам (Хаст Имам).

Ҳукумати Узбекистон харҷи сохтмони бинои Маркази тамаддуни исломиро, ки аз сӯи як ширкати сохтмонии марбут ба хонаводаи вазири сохтмони ин кишвар Батир Зокиров бунёд карда шавад, то ба 1,7 трлн сӯм ($161,5 млн) афзоиш дод.

Ин маблағ аз пуле, ки қаблан ҷудо шуда буд, $42,5 миллион бештар аст.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, миёни шаҳрдории Тошканд, ки фармоишгари бинои Маркази тамаддуни исломӣ дар ноҳияи Олмазори Узбекистон аст, ва ширкати "Трест-12" қарордоди нав имзо шудааст.

Саҳомони асосии ширкати бинокори "Трест-12" ҳамсар ва писари вазири сохтмони Узбекистон ҳастанд.

Сохтмони бинои нав ва маҷмааи илмии Маркази тамаддуни исломӣ бо қарори президенти Узбекистон моҳи декабри соли 2017 шуруъ шуда буд.​

Ширкати "Трест-12" биноҳои девони вазирон, дастгоҳи сенат, вазорати молия, Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур, варзишгоҳи "Бунёдкор", маҷмааи "Боғи Ғалаба"-ро дар Узбекистон бозсозӣ кардааст. Бино ба хабарҳо, ин ширкат ҷамъан беш аз 225 лоиҳаро ба маблағи триллион сӯм иҷро намудааст.

XS
SM
MD
LG