Ссылки доступа

Трамп гуфт, шабакаи иҷтимоии худро таъсис медиҳад


Собиқ президенти Амрико Доналд Трамп, ки тахминан як сол мешавад ҳақи боз кардани саҳифаву чопи матлабҳо дар шабакаҳои иҷтимоии Twitter ва Facebook-ро надорад, гуфт, ки акнун шабакаи иҷтимоии худро таъсис медиҳад.

Рӯзи 20-уми октябр ширкати Trump Media & Technology Group гуфт, ки номи пойгоҳи иҷтимоии ӯ TRUTH Social мешавад ва замимаи он аллакай аз моҳи ноябр дастрас хоҳад шуд. Дар изҳороти ширкати Трамп таъкид шудааст, ки шабакаи иҷтимоии TRUTH Social дар муқобили “ширкатҳои калони фаннӣ муқовимат мекунад”. Ин ба Twitter ва Facebook ишора мекунад, ки ба Трамп иҷоза намедиҳанд саҳифаашро дар ин пойгоҳҳо дошта бошад.

Трамп дар як изҳорот гуфт, “мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки “Толибон” дар Twitter ҳузури фаровон доранд, вале садои президенти дӯстдоштаи шуморо хомӯш карданд. Ин ғайри қобили қабул аст”.

Трампро моҳи январи имсол аз ҳақи истифодаи Twitter ва Facebook маҳрум карданд. Ин замоне буд, ки издиҳоми норозӣ аз савгандёдкунии президенти интихобшуда Ҷо Байден рӯзи 6-уми январ ба бинои Капитолий ҳамла кард. Twitter ва Facebook гуфтанд, ки метарсанд бо истифода аз ин шабакаҳо хушунати бештар паҳн нашавад. Трамп дар давраи президентиаш дар шабакаи Twitter 88 миллион хонанда дошт ва аз ин пойгоҳ барои нашри андешаву назарҳояш истифода мекард.

XS
SM
MD
LG