Ссылки доступа

Муфтии пешини Узбекистон ба рӯйхати "500 мусулмони таъсиргузори дунё" шомил шудааст


Усмонхон Алимов

Муфтии пешини Узбекистон Усмонхон Олимов бо вуҷуди се моҳ пеш даргузаштанаш ба рӯйхати имсолаи "500 мусулмони таъсиргузори дунё" шомил шудааст.

Рӯйхати мусалмонони таъсиргузори дунёро Маркази исломии таҳқиқоти стратегии Уммон аз соли 2009 ба ин сӯ нашр мекунад. Олимов бори 11-ум аст, ки ба ин рӯйхат шомил мешавад.

Собиқ раиси Идораи мусулмонон ва муфтии пешини Узбекистон Усмонхон Олимов 15 август дар яке аз бемористонҳои шаҳри Москва даргузашт. Табибон гуфтанд, Олимов аз коронавирус ҷон бохт.

Дар ҳоли ҳозир ба ҷои Олимов ​Нуриддин Холиқназаров раҳбари Идораи мусулмонон ва муфтии Узбекистон интихоб шудааст. Холиқназаров аз моҳи августи соли 2019 сархатиби шаҳри Тошканд буд. Ӯ 53 сол дошта, зодаи вилояти Андиҷони Узбекистон аст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва муфтии кишвар Сайидмукаррам Абдулқодирзода имсол низ дар баробари раҳбарони Туркманистон, Озарбойҷон, Чеченистон ва Туркия шомили рӯйхати мусалмонони таъсиргузори дунё шудаанд.

Дар рӯйхати мазкури имсола номи раҳбари гуруҳи Толибон Ҳайбатуллоҳ Охундзода низ ҳаст.

XS
SM
MD
LG