Ссылки доступа

Рӯнамоии китоби Назарбоев: мудири театре ҷарима шуд, ки маросим онҷо баргузор гардид


Мудири театри ба номи Абайи шаҳри Алматои Қазоқистон Тоир Каратаев наздики 1,5 ҳазор доллар ҷарима шуд.

Дар он театр рӯзи 16 сентябр, дар давраи манъи баргузории чорабиниҳои оммавӣ дар робита ба паҳншавии вабои коронавирус, маросими рӯнамоии китоби Алия Назарбоева, духтари хурдии президенти пешини Қазоқистон баргузор шуда буд.

Дар бораи ҷаримаи мудури театр сарпизишки беҳдоштии шаҳри Алмато Жандарбек Бекшин хабар дод. Бекшин пештар аз ин гуфта буд, ки маросими рӯнамоии китоб "бидуни вайрон кардани тартибот" баргузор шудааст.

XS
SM
MD
LG