Ссылки доступа

"Акси садои эътирозҳо": Дар Қазоқистон ҳабси фаъолон идома дорад


Маруи Есендирова, сокини шаҳри Уралски Қазоқистонро 20 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифтанд. Додгоҳ ӯро барои суханрониаш дар гирдиҳамое дар як моҳи пеш ба ҳабс гирифт.

Есендирова бо қарори додгоҳ розӣ нест ва тасмим дорад, аз болои он шикоят барад.

Ескендирова дар як гирдиҳамоӣ дар рӯзи 25 сентябр, ки ҳамагӣ 5 кас дар он иштирок дошт, суханронӣ карда буд.

Додгоҳ ӯро бо айби иштирок дар гирдиҳамоии ғайриқонунӣ айбдор кард.

Фаъоли дигари шаҳрвандӣ аз шаҳри Оқсойи Қазоқистон Тлекқобил Келибоев гуфт, ки дар остонаи гирдиҳамоии эҳтимолии мухолифони ҳукумати Қазоқистон ӯро ба идораи пулис даъват ва ҳушдор додаанд, ки дар гирдиҳамоӣ ширкат накунад.

Ахиран фаъоли дигар Амангелдӣ Орабоев низ дар Қазоқистон 20 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуд. Ӯро низ бо айби ширкат дар гирдиҳамоии ғайриқонунии рӯзи 25 сентябр ҳабс карданд.

XS
SM
MD
LG