Ссылки доступа

Дар ғарби Кобул 8 кудаки ятим аз гуруснагӣ ҷон бохтааст


Вакили пешини порлумони Афғонистон Муҳаммад Муҳаққиқ 24 октябр дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук хабар дод, ки ҳашт кудаки ятим дар ғарби шаҳри Кобул, пойтахти ин кишвар бар асари гуруснагӣ ҷон бохтааст.

Ба иттилои Муҳаққиқ, ҷасадҳои кудакон чанд ҳафта пеш дар яке аз ноҳияҳои ғарбии пойтахти Афғонистон пайдо шуда, тавассути муллои маҳалла ва сокинон ба хок супурда шудаанд.

Ин кудакон аз 1,5 то 7 сол доштаанд. Волидонашон фавтидаанд ва онҳо хеши наздике ҳам надоштаанд.

Гуруҳи Толибон, ки дар Афғонистон "Иморати исломӣ" таъсис додаасту қудратро дар даст дорад, то ҳол ин хабарро шарҳ надодааст.

СММ пештар ҳушдор дода буд, ки агар ба зудӣ ба Афғонистон кумаки башардӯстона расонида нашавад, ин кишвар эҳтимол аст, бо буҳрони бузурги инсонӣ, аз ҷумла гуруснагии сартосарӣ рӯбарӯ шавад.

XS
SM
MD
LG