Ссылки доступа

Қазоқистон гуфтугӯ роҷеъ ба "сбер-рақамикунонӣ"-ро идома медиҳад


Вазири рушди рақамӣ, навоварӣ ва саноати кайҳонии Қазоқистон Багдат Мусин дар ҷаласаи порлумон дар бораи интиқоли низоми ироаи хадамоти давлатии ин кишвар ба платформаи гуруҳи ширкатҳои русии "Сбер" суҳбат кард.

"Онҳо мушак месозанд ва Яндексу "Mail.ru"-ро низ сохтаанд. Хадамоти Қазоқистон то ба ин сатҳ нарасидааст. "Сбер" технологияҳои пешрафта дорад ва онҳо омодаанд, ки рамзҳои ибтидоиро ба мо диҳанд", - изҳор дошт Мусин баъди ҷаласа дар суҳбат бо рӯзноманигорон.

Ӯ бори дигар бовар кунонд, ки Русия маълумот дар бораи қазоқистониҳоро дарёфт намекунад ва ин кор ангезаи сиёсӣ надорад.

"Мо на давлат, балки технологияро интихоб кардем. Мо палтформаҳо дар сатҳи Facebook ва Google-ро баррасӣ кардем. Онҳо рамзҳоро ба мо доданӣ нестанд. Ширкатҳои чинӣ барои ироаи рамзҳо изҳори омодагӣ карданд, вале ба хотири талаботҳои сахт мо онҳоро интихоб накардем", - афзуд вазири рушди рақамӣ, навоварӣ ва саноати кайҳонии Қазоқистон.

Ҳукумати Қазоқистон ва гуруҳи ширкатҳои русии "Сбер" моҳи гузашта ёддоштеро имзо карданд, ки тибқи он ширкати қазоқии "Технологияҳои иттилоотии миллӣ" аз "Сбербонк"-и Русия барои интиқоли низоми ироаи хадамоти давлатӣ то 500 миллион доллар қарз хоҳад гирифт.

Ин амал вокуниши корбарони қазоқ, аз ҷумла мутахассисони соҳаи IT-ро ба бор овард. Онҳо гуфтанд, интиқоли низоми ироаи хадамоти давлатии Қазоқистон ба платформаҳои русӣ ба соҳибихтиёрии кишвар хатар дорад.

XS
SM
MD
LG