Ссылки доступа

Тазоҳуроти қазоқистониҳои дорои имкониятҳои маҳдуд (видео)


Беш аз даҳ шаҳрванди дорои имкониятҳои маҳдуд дар Қазоқистон 25 октябр дар назди бинои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ин кишвар дар шаҳри Нурсултон бо талаби ҳалли мушкили манзили зист ва тақвияти дастгириҳои иҷтимоии сокинон тазоҳурот карданд.

Тазоҳургарон ба рӯзноманигорон гуфтанд, ки аз ноҳияҳои гуногун ба пойтахти Қазоқистон рафтаанд.

"Онҳо бояд кумакпулиро афзоиш диҳанд. Зеро нархи маҳсулот гаронтар шудааст. Ман шаш сол мешавад, ки дар навбати манзил ҳастам. Дар ноҳияи мо 30 сол аст, барои шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд хона намесозанд", - изҳор дошт яке аз таҷаммуъгарон Нурлан Смагулов.

Ба назди эътирозгарон намояндаи шаҳрдории Нурсултон рафт ва гуфт, тазоҳуроти онҳо "ғайриқонунӣ" аст. Вале таҷаммуъгарон гуфтанд, дар бораи баргузории ин тазоҳурот ба шаҳрдорӣ хабар додаанд.

XS
SM
MD
LG