Ссылки доступа

Падари як сарбоз дар Узбекистон даъво дорад, писарашро куштаанд


Падари сарбози узбекистонӣ Асадбек Файзуллоев, ки дар сарҳади кишвараш бо Афғонистон кушта шуд, талаби боз шудани парвандаи ҷиноиро дорад.

Ҷасади Асадбек Файзуллоеви 20-соларо рӯзи 26 июли соли ҷорӣ аз наҳр ё канали "Амузанг" дар шаҳри Термизи Узбекистон пайдо карданд.

Додситонии ҳарбии Узбекистон гуфт, сарбоз ҳангоми шино дар наҳр ғарқ шудааст. Аммо Анвар Шодиев, падари Асадбек мегӯяд, писари ӯро нахуст кушта ва баъдан ҷасадашро ба об партофтаанд.

Анвар Шодиев, сокини шаҳри Ҷиззах ва падари сарбози фавтида талаб дорад, ки ҷасади писараш барои ташхис аз қабр берун оварда шавад.

"Ман ҷасади писарамро дидам, вай захмҳои зиёд дошт. Ҷасади одами ғарқшуда наметавонад, ин гуна захм дошта бошад", - гуфт Анвар Шодиев.

Додситонии ҳарбии Узбекистон 25 августи соли 2021 аз боз кардани парвандаи ҷиноӣ дар робита ба ин ҳодиса худдорӣ карда буд. Додситонӣ гуфт, сарбоз ҳангоми шиноварӣ ғарқ ва фавтидааст.

XS
SM
MD
LG