Ссылки доступа

Афзоиши шикояти узбекистониҳо аз нодурустиҳо дар бойгонии ЗАГС


Шикоятҳо аз нодурустӣ дар бойгонии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС) дар Портали ягонаи хадамоти давлатии Узбекистон афзоиш ёфтааст.

Ба иттилои Potrebitel.uz, бештари корбарон гуфтаанд, дар портали ягона шумори фарзандҳояшон "зиёд ё кам" шудааст. Ҳамчунин ҳамсар ё волидоне, ки кайҳо фавтидаанд, "зинда" нишон дода мешаванд.

Аз ҷумла, дар портал нишон дода шудааст, ки як зан ду ҳамсар дорад ва марде бо номи Александр "шавҳар карда, ду кудак таваллуд кардааст".

Оҷонси хадамоти давлатии Узбекистон баъди афзоиши шикоятҳо дар портали мазкур санҷиш гузарондааст.

"Раванди воридсозии маълумот ба Портали ягонаи хадамоти давлатӣ ҳанӯз ба поён нарасидааст. Он дар дар марҳалаи санҷишӣ фаъолият дорад. Бинобар ин, нодурустиҳо ба миён омадааст ва ҳоло мутахассисон талош доранд, ки онҳоро ислоҳ намоянд", - афзудааст оҷонс.

XS
SM
MD
LG