Ссылки доступа

Толибон ба вуруди кӯмакҳои башардӯстонаи СММ аз тариқи Термизи Узбекистон иҷоза надодаанд


Ҳукумати толибон ба вуруди кӯмакҳои башардӯстонаи СММ аз тариқи Термизи Узбекистон иҷоза надодааст.

Дар ин бора расонаҳои Узбекистон бо такя ба Раёсати комисари олии СММ дар умури паноҳандагон хабар доданд.

Миёнаҳои моҳи октябр 100 тона кӯмаки башардӯстонаи Раёсати комисари олии СММ дар умури паноҳандагон дар маркази ҳамлу нақли Termez Cargo Centr ҷамъоварӣ шуд ва мебоист, ба шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон фиристода шавад.

Ба иттилои СММ, ин кӯмакҳо ҳанӯз дар Термиз нигаҳдорӣ мешаванд.

Пештар аз ин расонаҳо навиштанд, ки СММ тасмим гирифтааст, кӯмакҳои башардӯстонаро ба Афғонистон тариқи Узбекистон интиқол диҳад.

Буҳрони башарӣ дар Афғонистон амиқтар мешавад. Мақомоти СММ гуфтанд, айни замон на камтар аз 20 миллион сокини Афғонистон ба кӯмак ниёз дорад.

XS
SM
MD
LG