Ссылки доступа

Дар ҳодисаи Пиҷими Қазоқистон як мард низ осеб дидааст (видео)


Раиси ноҳияи Панфилов Талъат Умралиев гуфт, дар паи бетартибиҳои ҷавонон дар деҳаи Пиҷими ин ноҳия, ки шаби 27 ба 28-уми октябр рух дод, як марди дигар низ осеб дидааст.

"Вақте ҷавонон дар маҳалла ба самти якдигар сангандозӣ мекарданд, санге ба сари як мард расидааст. Ҳоло ӯ дар беморхона бистарӣ буда, табибон барояш ёрӣ мерасонанд", - иқтибос овардаанд расонаҳои маҳаллӣ аз суханони Умралиев.

Пештар хабар дода шуд, ки дар натиҷаи ин низоъ як навраси 16-сола ба беморхона интиқол ёфтааст.

Бахши қазоқии Радиои Озодӣ иттилоъ дода буд, ки шоми чоршанбе дар як мактаби Пиҷимӣ миёни хонандаҳои синфҳои болоӣ занозанӣ рух дод. Бар асоси иттилои мухталиф, дар занозаниву бетартибиҳо ҳудудан 30 нафар иштирок кардааст.

Раиси ноҳияи Панфилов гуфта, ки овозаҳо дар бораи гӯё заминаҳои қавмию миллӣ доштани ин моҷаро беасос аст. Дар ҳоле, ки мақомоти маҳаллӣ ангезаҳои миллӣ доштани моҷарои мактаббачаҳое, ки аз оилаҳои қазоқу уйғур будаанд, рад мекунанд, бархе намояндагони оилаҳои уйғуртабори ин деҳа гуфтаанд, ки дар ду ҳафтаи ахир “фарзандонашон бо табъйизу фишори ҳамсолони худ” рӯбарӯ шудаанд.

XS
SM
MD
LG