Ссылки доступа

Додситонии кулли Узбекистон гуфт, зидди муовини декан барои озори ҷинсии донишҷӯ тафтишот оғоз шудааст


Додситонии кулли Узбекистон хабар додааст, ки роҷеъ ба кушиши таҷовузи як донишҷӯдухтар дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Тошканд тафтишот оғоз шудааст.

Сухангӯи Вазорати умури дохилии Узбекистон Шохрух Ғиёсов пештар гуфта буд, зидди муовини декани донишгоҳи мазкур, ки дар кушиши таҷовузи як донишҷӯдухтар айбдор мешавад, бо бандҳои "таҷовуз" ва "барқасдона расонидани зарари ҷисмонӣ" парванда боз кардаанд.

Бино ба навиштаи тарҳи Nemolchi, донишҷӯй М.К. барои пешниҳоди номзадияш ба ҷоизаи Зулфия ба назди муовини декан оид ба умури ҷавонон рафта, аз ӯ хостааст, ки барояш тавсифнома диҳад. Муовини декан ба донишҷӯдухтар дастдарозӣ кардааст. Вале баъди фарёд задани духтару тақ-тақ шудани дар ӯро аз тиреза ба замин партофтааст.

Донишҷӯй бо нишонаҳои шикастани устухонҳои кос, мошаро ва осеби мағзӣ дар беморхона бистарӣ шуд.

Духтари калонии президенти Узбекистон Саида Мирзиёева дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки "озори ҷинсии донишҷӯдухтарон як мушкили ҷиддӣ дар донишгоҳҳои кишвар аст".

​Дар пайи расонаӣ шудани ин хабар ва вокуниши духтари президенти Узбекистон Вазорати маорифи он кишвар хабар додааст, ки телефони бовариеро бо рақамҳои "1006" таъсис додааст ва хонандагон роҷеъ ба мушкилиҳои худ метавонанд бо он тамос гиранд.

XS
SM
MD
LG