Ссылки доступа

Ҷабборов аз БОР хост, сармоягузорӣ ба иқлими Қирғизистонро бештар кунад


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба Бонки Осиёии Рушд (БОР) пешниҳод кард, ки сабади сармоягузории иқлимро то ба 150 млн доллар афзоиш диҳад.

Ин пешниҳод дар мулоқоти Ҷабборов бо президенти БОР Масатсугу Асакава дар шаҳри Глазго ироа шудааст.

Ҷабборов изҳор доштааст, ки Қирғизистон ҷонибдори тавсеаи ҳамкориҳо бо БОР дар ҳамаи соҳаҳо аст. Ҳамчунин ӯ хостааст, ки ҳамкориҳо дар бахши бунёди неругоҳҳои обӣ-барқӣ фаъол гардонида шуда, сабаби сармоягузории иқлим то 150 млн доллар афзоиш дода шавад.

Масатсугу Асакава дар навбати худ барои тақвияти ҳамкориҳои бонк бо Қирғизистон изҳори омодагӣ карда, гуфтааст, пешниҳоди Содир Ҷабборов дар бораи афзоиши сабади сармоягузории иқлим бо шӯрои мудирони бонк баррасӣ карда мешавад.

XS
SM
MD
LG