Ссылки доступа

Мухолифони Гурҷистон бо талаби озодии Саакашвилӣ дар назди зиндон тазоҳурот мекунанд


Раиси Ҳизби мухолифи "Ҳаракати ягонаи миллӣ"-и Гурҷистон Ника Мелия гуфт, рӯзи сешанбе дар назди зиндони шаҳри Руставӣ бо талаби озодии президенти пешини ин кишвар Михаил Саакашвилӣ тазоҳуроти бемуҳлат оғоз мешавад.

"Гурҷистон тазоҳуротро оғоз мекунад", - навишт Мелия дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук. Ба гуфтаи ӯ, тазоҳурот соати 5-и бегоҳи 1 ноябр оғоз шуда, то озод шудани президенти пешини Гурҷистон идома мекунад.

Саакашвили рӯзи 1-уми октябри соли равон, баъди 8 соли тарк кардани Гурҷистон ба ватан баргашт ва ҳамон рӯз боздошт гашт. Ӯ ҳамон замон дар боздоштгоҳ даст ба гуруснанишинӣ зад ва боздошти ӯ дар берун боиси эътирозҳои ҳазорҳо тарафдоронаш шуд.

Михаил Саакашвилии 53-сола гуфтааст, ки боздошти ӯ бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошад. Саакашвили солҳои 2004 то 2013 президенти Гурҷистон буд. Ӯро соли 2018 дар ғайбаш барои берун рафтан аз салоҳиятҳои корӣ ба 9 соли зиндон маҳкум карданд, вале худи ӯ ин иттиҳомотро ҳамчун дорои ангезаҳои сиёсӣ рад кардааст.

XS
SM
MD
LG