Ссылки доступа

Аброр Азимов - касе, ки бо айби теракт дар метрои Петербург зиндонӣ шуд, як моҳ аст, аз худ дарак надодааст


Аброр Азимов, ки бо айби ташкили теракт дар метрои Санк-Петербург ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуда буд, дар роҳ ба сӯи маҳбас нопадид гардидааст.

Ба гуфтаи падари Азимов, на вай ва на вакили мудофеъ як моҳ аст, ки бо Аброр дар тамос нашудаанд ва дар бораи макони буду боши вай иттилоъ надоранд.

Аброр Азимов бори охир рӯзи 29 сентябр аз маҳбаси "Бутирка"-и Москва ба филолог Елена Эфрос, ки пайваста бо вай мукотиба мекард, мактуб навишт. Аз он замон то кунун Азимов аз худ дарак надодааст.

Пайвандони Азимов ба додситонӣ бо талаби муайян кардани макони буду боши вай мактуб фиристодаанд.

Таркиш дар метрои Петербург 3 апрели соли 2017 рух дод. Он замон 16 кас кушта ва 50 тани дигар маҷруҳ шуд.

Моҳи декабри соли 2019 додгоҳи Русия 11 шаҳрванди хориҷиро дар таркиш айбдор кард. Аз он миён Аброр Азимов ба ҳабси якумрӣ, бародари вай Акрам Аброров ва Муҳаммадюсуф Эраматов ба 28-солии зиндон маҳкум шуданд. Айбдоршавандаҳои дигар 19-солӣ зиндонӣ шуданд.

Ҳама айбдоршавандаҳо даст доштанашонро дар таркиш рад карданд. Чаҳор тани онҳо, аз ҷумла Аброр ва Акрам Азимовҳо гуфтанд, онҳоро дар ҷараёни бозпурсӣ шиканҷа кардаанд.

XS
SM
MD
LG