Ссылки доступа

Тоҷикистон бозиро ба Эрон бохт, аммо шонси ба Ҷоми Осиё-2022 роҳ ёфтанро дорад


Фото сайта ФФТ

Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар бозии охиринаш дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи “В” аз тими Эрон бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд.

Бозии даври охирини мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои мунтахаби олимпии то 23-солаи Тоҷикистон ва Эрон шаби 31-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури 7200 тамошобин доир гардид.

Ҳамаи панҷ гол дар нимаи аввали дидор зада шуд. Бозигари мизбонон Ислом Зоиров дар дақиқаи 10-ум тӯбро аз ҷаримагоҳи меҳмонон ба ҳадаф расонд ва ҳисобро кушод. Баъди се дақиқа капитан ё сарвони тими Эрон Ёсин Салмонӣ бо задани зарбаи ҷаримавӣ аз масофаи тахминан 18 метр муваффақ шуд ва ҳисобро баробар кард.

Голи дувуми мунтахаби Эронро боз ҳам Ёсин Салмонӣ дар дақиқаи 19-ум аз ҷаримагоҳ, аз масофаи надик, ба самар расонид. Баъдан ҳангоми яке аз ҳуҷумҳои футболбозони ҷавони тоҷик эрониҳо дар ҷаримагоҳи худ қоидаи бозиро вайрон карданд. Юнус Акбарпур футболбози тоҷикро аз по афтонд. Сардовари бозӣ Ким Ву Сунг аз Кореяи Ҷанубӣ ба дарвозаи мунтахаби Эрон ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналти таъйин намуд. Тӯбро Эҳсони Панҷшанбе дар дақиқаи 22-юм бехато зад ва ҳисоб баробар шуд – 2:2.

Голи севум ва ҳалкунандаи эрониҳоро Ёсин Салмонӣ дар дақиқаи 45-ум зад. Ӯ дар ҷаримагоҳ бо зарбаи сар тӯбро вориди дарвозаи мизбонон, ки онро Шоҳрух Қирғизбоев ҳимоя мекард, ворид намуда, хет-трик кард, яъне се гол зад.

Зимнан, дар дақиқаи 85-ум Ориё Барзгар, бозигари мунтахаби Эрон, ки бо пояш ба рӯйи ҳимоятгари мизбонон Ваҳдат Ҳанонов зарба зад, аз майдон хориҷ шуд. Ҳайати эрониҳо як нафар коҳиш ёфт, вале онҳо нагузоштанд, ки футболбозони тоҷик муваффақ шаванд.

Пеш аз ин бозӣ 31-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дастаҳои мунтахаби олимпии Лубнон ва Непал рақобат карданд. Футболбозони ҷавони лубнонӣ ба дарвозаи непалиҳо чаҳор голи беҷавоб заданд.

Ба ин тартиб, пас аз натиҷагирии бозиҳои даври охирин дар гурӯҳи “В” мунтахаби Эрон бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб кард ва ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 миёни дастаҳои олимпии то 23-сола роҳ ёфт.

Мунтахаби Тоҷикистон бо шаш имтиёз ҷойи дувумро гирифт. Дастаи Лубнон бо се имтиёз ҷойи севумро азони худ кард. Мунтахаби Непал бидуни имтиёз дар ҷойи охирин – чорум - қарор гирифт.

Ҳамчунин дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дастаҳои мунтахаби Австралия ва Индонезия дар гурӯҳи «G» рақобат карданд. Мунтахаби Чин аз ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 даст кашид. Бинобар ин дар гурӯҳи «G» дастаҳои мунтахаби Австралия ва Индонезия бо ҳам ду бор рӯбарӯ шуданд.

Дар бозии аввал, ки 26-уми октябр доир гардид, австралиягиҳо бо ҳисоби 3:2 ғолиб омаданд. Бозии ҷавобӣ низ 29-уми октябр бо ғалабаи мунтахаби Австралия бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Аз ин гурӯҳ Австралия ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 роҳхат гирифт.

Бар асоси дастури мусобиқа ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1-ум то 19-уми июни соли оянда дар Узбекистон барпо мегардад, ғолибони ёздаҳ гурӯҳи интихобӣ ва чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум роҳхат мегиранд.

Ба бохти худ аз тими Эрон нигоҳ накарда, мунтахаби Тоҷикистон ҳанӯз имкони ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанро нигаҳ доштааст.

Дар ҳамин ҳол мунтахаби Тоҷикистон дар байни чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум қарор дорад. Вале оё дастаи Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 роҳхат мегирад, аз натиҷаи бозии гурӯҳи «I» миёни тимҳои Ветнам ва Мянмар, ки 2-юми ноябр дар Бишкек баргузор мешавад, бастагӣ дорад. Дар мавриди пирӯзии яке аз дастаҳо бо ҳамагуна ҳисоб, ба ғайр аз 4:3 (5:4, 6:5 ва ҳоказо), роҳхат ба марҳилаи ниҳоӣ насиби мунтахаби Тоҷикистон хоҳад шуд. Агар бозӣ бо ҳисоби 3:2 анҷом ёбад, онгоҳ кортҳои зард ба ҳисоб гирифта мешавад.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 (U-23)

Гурӯҳи «В». Даври 3-юм

Эрон – Тоҷикистон – 3:2

Голҳо: Ислом Зоиров, 10 (0:1). Ёсин Салмонӣ, 13 (1:1). Ёсин Салмонӣ, 19 (1:2). Эҳсони Панҷшанбе, 22 – аз пеналти (2:2). Ёсин Салмонӣ, 45 (3:2).

Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Ваҳдат Ҳанонов (Муҳаммадҷон Насков, 89), Алиҷон Кароматуллозода, Манучеҳр Сафаров, Наимҷон Иброҳимзода (Далер Ёдгоров, 46), Кароматулло Саидов, Ислом Зоиров (Муҳаммадалӣ Азизбоев, 60), Эмомалӣ Аҳмадхон (Ҳусейн Нурматов, 46), Шервонӣ Мабатшоев (Шарафҷон Солеҳов, 68), Эҳсони Панҷшанбе, Рустам Соиров.

Сардовар: Ким Ву Сунг (Кореяи Ҷанубӣ).

31-уми октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 7200 тамошобин.

Лубнонн – Непал – 4:0

XS
SM
MD
LG