Ссылки доступа

Додгоҳи Узбекистон як рӯзноманигорро зиндонӣ ва озодии дуи дигарро маҳдуд кард


Додгоҳи вилояти Қашқадарёи Узбекистон 3 ноябр ҳукми хабарнигори "Taftish.uz" Элёрбек Тоҷибоев, хабарнигорони "Effect.uz" Акбар Нуримбетову Ҳомиҷон Аҳмадов ва соҳибкор Гузал Худоёроваро эълом кард.

Ба иттилои хадамоти матбуотии Додгоҳи олии Узбекистон, додгоҳ Тоҷибоевро ба муҳлати се сол ба зиндони сукунатӣ фиристода, озодии Нуримбетовро 3 сол ва аз Аҳмадовро 2 солу 6 моҳ маҳдуд кардааст. Озодии Худоёрова низ ду сол маҳдуд шудааст.

Рӯзноманигор Аҳмадов дар "муқобилат нишон додан ба намояндаи давлат", "монеа эҷод кардан ба рафти тафтишот", хабарнигор Нуримбетов дар "туҳмат", "таҳқир", "муқобилат нишон додан ба намояндаи давлат"-у "монеа эҷод кардан ба рафти тафтишот" ва хабарнигори севум Тоҷибоев дар "туҳмату таҳқир" айбдор мешуданд.

Мақомоти Узбекистон рӯзи 7 апрели соли ҷорӣ аз таъсиси парванда нисбати ин се хабарнигор иттилоъ дода буданд. Додситонии кулли Узбекистон хабарнигоронро дар ворид шудан ба бинои Додгоҳи ноҳияи Термиз ва фишор овардан ба суд айбдор карда буд.

Хабарнигорон мегӯянд, онҳо бо иҷозаи посбони бино вориди додгоҳи ноҳиявӣ шудаанд, на худсарона.

XS
SM
MD
LG