Ссылки доступа

Додгоҳи Қазоқистон як занро барои қочоқи газ ба Тоҷикистон муҷозот кардааст


Додгоҳе дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон як занро, ки яке аз ширкатҳои маҳаллиро раҳбарӣ мекунад, барои қочоқи гази моеъ ба Тоҷикистону Узбекистон муҷозот кардааст.

Бино ба иттилои расонаҳои Қазоқистон, тафтишот муайян кардааст, ки ин зан солҳои 2020-2021 газри моеъро бидуни санад аз шахсони "муайянношуда" харидорӣ карда, ба кишварҳои ҳамсоя интиқол медодааст.

Гуфта мешавад, ӯ беш аз 966 тонна газро ба маблағи 146 миллион танга ($340,5 ҳазор) ба Узбекистон ва Тоҷикистон ғайриқонунӣ содир кардааст. Зани қазоқ ҳангоми гузаронидани газ аз марз ба кормандони гумрук санадҳои тақаллубӣ нишон медодааст.

Додгоҳ гумонбарро 4,3 миллион танга ($10 ҳазор) ҷарима ва ба пардохти маблағи баробар ба арзиши молҳои қочоқшуда вазифадор кардааст.

XS
SM
MD
LG