Ссылки доступа

Баъди тахриби як масҷиди таърихӣ дар Узбекистон парвандаи ҷиноӣ боз шуд


Дар робита ба тахриби масҷиди "Хоҷа Порсо" дар Марғилони Узбекистон нисбати афроди масъули вилояти Фарғона парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар ин бора аз Додситонии кулли Узбекистон хабар доданд.

Парванда дар асоси моддаҳои "Маҳвсозӣ, тахриб, зиёнрасонӣ ба иншооти фарҳангӣ" ва "Сӯистифода аз мақом ва ё ваколатҳои хизматӣ" боз шудааст.

Пештар аз ин расонаҳо навиштанд, дар Марғелони Узбекистон масҷиде тахриб шудааст, ки соли 1869 бунёд шуда буд.

Мақомоти вилояти Фарғона гуфтанд, масҷид на соли 1869, балки соли 1918 бунёд шуда, деворҳояш каф дода буданд. Мақомоти Фарғона мегӯянд, дар асоси хулосаи меъморон ба тахриби масҷид иҷоза додаанд.

Масҷиди "Хоҷа Порсо" ба Рӯйхати миллии иншооти фарҳангӣ шомил шудааст.

XS
SM
MD
LG