Ссылки доступа

Дар Узбекистон кӯдакони то синни мактабӣ ва синфҳои якро воксини зидди зукком мезананд


Дар Узбекистон тасмим доранд, кӯдакони то синни мактабӣ ва хонандагони синфи яки мактабҳоро воксини зидди зукком зананд.

Вазорати таҳсилоти томактабии Узбекистон гуфт, аз Русия 2 миллион вояи воксини "Гриппол Плюс", бо ҳадафи воксинзании сарторсарии кӯдакон, харидорӣ шудааст.

Ба иттилои ин ниҳод, воксинзанӣ "бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии зукком ва пайомадҳои нохушӣ он" ба роҳ монда мешавад. Дар саросари Узбекистон 2753 нуқтаи воксинзанӣ кушода шудааст.

XS
SM
MD
LG