Ссылки доступа

Тазоҳургарон хостанд, мубориза бо тағйирёбии иқлим пурзӯр шавад


Протест в Глазго
Протест в Глазго

Ҷонибдорони тадбирҳои шадид барои мубориза бо тағйирёбии иқлим рӯзҳои ҷумъа ва шанбе дар даҳҳо шаҳр дар саросари дунё гирдиҳамоӣ карданд. Ин гирдиҳамоиҳо дар ҳоле баргузор шуданд, ки раҳбарони ҷаҳон дар як ҳамоиши байналмилалӣ дар шаҳри Глазко мубориза бо тағйири иқлимро баррасӣ мекунанд..

Дар ҷараёни ин конфронс раҳбарони даҳҳо кишвар, аз ҷумла президенти ИМА Ҷо Байден иштирок дошт. Иштирокдорон ваъда доданд, ки тадриҷан аз истифодаи ангишт дар соҳаи энергетика даст кашида, то миёнаҳои асри 21 ба бетарафии карбон ноил ва аз нобудшавии ҷангалҳо пешгирӣ карда хоҳад шуд. Вале ҳомиёни муҳити зист мегӯянд, ин ваъдаҳо, ки на ҳамаашон хусусияти ҳатмиро доранд, кофӣ нестанд.

Дар Глазго гирдиҳамоӣ рӯзи ҷумъа баргузор шуд. Дар он ҳомии маъруфи зистмуҳитӣ аз Шветсия Грета Тунберг иштирок карда, раҳбарони "Шимоли ҷаҳонӣ" - кишварҳои пешрафтаи сарватмандро ба он айбдор кард, ки зидди тағйирёбии иқлим муборизаи воқеӣ намебаранд.

Гирдиҳамоиҳо дар бештари кишварҳои аврупоӣ рӯзи шанбе баргузор шуданд.

Конфронси Глазго як ҳафтаи дигар идома мекунад. Президенти Русия Владимир Путин дар он иштирок нахоҳад кард. Президенти Амрико ӯро интиқод карда, гуфт, Русия мушкилиҳоеро хоҳад дошт, ки тамоми ҷаҳон дорад, вале дар мубориза бо онҳо саҳми кофӣ намегузорад.

XS
SM
MD
LG