Ссылки доступа

Дар як қаҳвахона дар Қазоқистон таркиш рух дод. Бино комилан фурӯ рех (видео)


Дар шаҳри Актауи Қазоқистон шаби якшанбеи 7 ноябр дар як қаҳвахонаи дуошёна таркиш рух дод. Бинои қаҳвахона комилан фурӯ рехтааст.

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, дар бораи маҷруҳон ва ё фавтидагон иттилое надоранд.

"Дар робита ба таркиши қаҳвахона касе ба бемористон муроҷиат накардааст", - хабар доданд мақомоти маҳаллии Актау.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон гуфтанд, таркиш мумкин аст, дар натиҷаи хуруҷи газ рух дода бошад. Наҷотдиҳандагон аз ҷои ҳодиса ду зарфи газ пайдо кардаанд.

Молики қаҳвахона гуфт, коргарон то соати 20:00 шоми 7 ноябр - ҳадди ақал як соат пеш аз таркиш - аз бино берун шуда буданд.

Ба иттилои мақомот, 200 метри мураббаъ дар тарких тахриб шудааст. Лаҳзаи таркиш дар дурбинҳои назоратӣ сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG