Ссылки доступа

Фоҷеа дар нақбе дар Қазоқистон: вазир ҷузъиёти онро иттилоъ дод


Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон марги нақбканонро дар нақби "Арселор Миттал Темиртау" шарҳ дод.

Юрий Илин, вазири ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон гуфт, сабаби марги шаш тан ва маҷруҳшавии ду тани дигар ихроҷи газ будааст.

Вазир гуфт, хушбахтона таркиш рух надод, ки дар чунин ҳолатҳо сар задани таркиш эҳтимоли зиёд дорад. Ба гуфтаи вай, низоми қатъи интиқоли барқ сари вақт ба кор даромад.

Ба иттилои мақомот, ихроҷи газ дар умқи 500 метр рух додааст, ки нақбканон барои истихроҷи ангишт мехостанд, нақби нав омода кунанд.

Таркиш субҳи 7-уми ноябр дар кони ангишти Абай дар вилояти Қарғандаи Қазоқистон рух додааст.

Дар замони таркиш 64 коргар дар кон будаанд ва 56 нафар тавонистаанд берун раванд. Мақомот гуфтанд, ки таркиш аз газе ба вуқӯъ пайваст, ки аз ангишт хориҷ мешавад.

Чунин ҳодиса дар кони Абай дар соли 2008 низ рух дода буд, ки бар асари таркиши гази метан 30 нафар кушта ва 14 нафар маҷрӯҳ шуда буданд.

XS
SM
MD
LG