Ссылки доступа

Илон Маск 10 дарсади саҳмияҳояшро мефурӯшад. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ чунин қарор қабул карданд


Илон Маск, роҳбари ширкати Tesla, сарватмандтарин марди имрӯзи дунё, бояд 10 дарсади саҳмияҳои ширкаташро фурӯшад. Қариб 58% ширкатдорони назарпурсӣ дар твиттер ба Илон Маск машварат доданд, ки саҳмияҳоро фурӯшад.

Рӯзи шанбе Маск дар твиттер навишт, ки агар корбарон машварат диҳанд, 10 дарсади саҳмияҳои ширкаташро хоҳад фурӯхт. Дар ин назарпурсӣ бештар аз 3,5 миллион корбар ширкат кардааст.

"Мо розӣ будам, ҳар қарореро, ки корбарон қабул мекунанд, пазирам", - гуфт Маск дар поёни назарпурсӣ.

Маск дар шарҳи назарпусӣ гуфт, "ахиран афроди зиёде мегӯянд, ки дороиҳои истифоданошуда як роҳи фирор аз пардохти андоз аст", ба ҳамин далел вай тасмим гирифтааст, 10 дарсади саҳмияҳои ширкати Tesla-ро фурӯшад. Маск гуфт, маоши моҳона ва ё даромади дигаре надорад ва танҳо саҳмияҳои ширкат дар ихтиёраш ҳастанд. Маск 23 дарсади саҳмияи гаронтарин ширкати мошинсозии дунё - Tesla-ро дар ихтиёр дорад, ки арзиши ин ширкат ахиран ба бештар аз 1 триллион доллар баробар шуд. Ба иттилои хабаргузориҳо, 10 дарсади саҳмияҳои Маск наздики 21 миллиард доллар арзиш дорад.

XS
SM
MD
LG