Ссылки доступа

Ба 200 мусофири узбекистонӣ билети ҳавопаймоҳои мавҷуднабударо фурӯхтанд


Ба 200 тан аз мусофироне, ки мехостанд, аз фурудгоҳи Навоии Узбекистон ба шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербурги Русия парвоз кунанд, ба парвозҳои мавҷуднабуда билет фурӯхтаанд.

Ширкати Uzbekistan Airports хабар дод, ки нимаи дувуми рӯзи душанбеи 8 ноябр 200 мусофир ба фурудгоҳи Навоӣ омаданд, аммо ҳавопаймоҳои онҳо дар рӯйхати парвозҳо мавҷуд набуд.

"Мусофирон гуфтанд, ки билетҳоро аз ширкати билетфурӯшии "Шарқ Бухоро" дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ва Урганҷ харидаанд", - хабар Uzbekistan Airports.

"Шарқ Бухоро" ваъда додааст, ки маблағи мусофиронро бармегардонад.

Чанд рӯзи пеш чунин як ҳодисаи дигар дар фурудгоҳи Урганҷи Узбекистон рух дода буд.

XS
SM
MD
LG