Ссылки доступа

Созмони тандурустӣ гуфт, набуди COVID-19 дар Туркманистон шубҳаовар аст


Як масъули баландмақоми Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) изҳороти мақомоти Туркманистонро дар бораи набуди гирифторони вабои коронавирус дар ин кишвар зери шубҳа гузошт.

"Ин вабо ду сол аст, ки дар тамоми дунё паҳн мешавад. Аз диди илмӣ, хеле эҳтимоли кам мавҷуд аст, ки вабо дар Туркманистон паҳн нашуда бошад", - гуфт Кэтрин Смоллвуд, масъули СҶТ дар умури ҳолатҳои фавқулода.

Шарҳи Смоллвуд нахустин шубҳаи расмии созмони СҶТ дар робита ба изҳороти мақомоти Туркманистон дар бораи мавҷуд набудани ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар ин кишвар аст.

Кэтрин Смоллвуд ҳайати маъмурияти СҶТ-ро ба Туркманистон дар тобистони соли 2020 роҳбарӣ мекард.

Он замон маъмурияти СҶТ мавҷудият ва ё набуди коронавирусро дар Туркманистон тасдиқ накарда буданд ва танҳо ба мақомоти Туркманистон машварат доданд, "тарзе рафтор кунанд, ки гӯиё коронавирус дар кишвар мавҷуд аст".

Сарфи назар аз изҳорот дар бораи мавҷуд набудани коронавирус дар Туркманистон, мақомоти он кишвар аз сокинон талаб мекунанд, ки ниқоб пӯшанд ва фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд.

XS
SM
MD
LG