Ссылки доступа

Даҳҳо муҳоҷир марзи Белорус бо Лаҳистонро ғайриқонунӣ убур карданд


Сотни мигрантов на белорусско-польской границе

Ду гуруҳи бузурги муҳоҷирон монеаҳои марзӣ байни Белорус ва Лаҳистонро шикаста, вориди ҳудуди Лаҳистон шудаанд. Дар ин бора расонаҳои лаҳистонӣ бо такя хадамоти марзбонии он кишвар иттилоъ доданд.

Субҳи 10 ноябр вазири мудофиаи Лаҳистон Мариуш Блашак гуфт, ҳамаи муҳоҷироне, ки ахиран вориди Лаҳистон шуданд, боздошт гардидаанд. "Ин як шаби ноором буд. Воқеан, чанд талоши убури марзи Лаҳистон сурат гирифт", - гуфт вазири мудофеа. Ба иттилои вазир, дар марзи Лаҳистон бо Белорус 15 ҳазор низомии лаҳистонӣ қарор дода шудааст.

Вазъ дар марзи Белорус бо Лаҳистон рӯзи душанбеи 8 ноябр бад шуд. Он замон чанд ҳазор муҳоҷир ба наздики марз омаданд, ки талош доштанд, вориди Иттиҳоди Аврупо шаванд. Марзбонон ва низомиёни Лаҳистон тавонистанд, ки садди роҳи муҳоҷирон шаванд. Муҳоҷирон дар навбати худ дар наздикии марз хайма заданд.

Белорус Лаҳистонро дар муносибати ғайриинсонӣ нисбати муҳоҷирон айбдор кард. Иттиҳоди Аврупо режими Лукашенкоро дар барқасдона доман задани буҳрони муҳоҷират ва ташкили интиқоли ҳазорон муҳоҷири ғайриқонунӣ ба марзҳои Иттиҳоди Аврупо айбдор кард. Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, иқдоми Белорус ба хотири таҳримҳоест, ки Аврупо нисбати режими Лукашенко ҷорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG