Ссылки доступа

Духтари Назарбоев гуфт, хабарнигорони Радиои Озодӣ ба ӯ "ҳамла" карданд


Вакили порлумон ва духтари калонии президенти пешини Қазоқистон Дариға Назарбоева гуфтааст, хабарнигорони бахши қазоқии Радиои Озодӣ дар бинои порлумон ба ӯ "ҳамла" кардаанд.

Зоҳиран Назарбоева дархости хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ Нургул Тапаеваро дар назар дорад, ки дар бинои порлумон аз ӯ хоста буд, суханҳои вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар бораи мавҷудияти бегонаситезӣ зидди русҳо дар Қазоқистонро шарҳ диҳад.

"Имрӯз ман ба монанди бештари ҳамкоронам аз порлумон мавриди ҳамлаи намояндагони радиое, ки аз сӯи ҳукумати ИМА сармоягузорӣ мешавад, қарор гирифтам. Онҳо аз ман талаб карданд, ки матлаби вазири умури хориҷии Русия бо номи "Русия ва Қазоқистон: ҳамкориҳои бидуни марз"-ро фавран шарҳ диҳам", - иқтибос овардааст расонаи zakon.kz аз суханҳои Назарбоева.

"Дар мавриди мавҷудияти бегонаситезӣ дар Қазоқистон бояд гуфт, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи Қазоқистон ба ҳар як ҳолат вокуниши ҷиддӣ медиҳанд. Ҳаминтавр буд, ҳаст ва мемонад", - афзудааст ӯ.

Сергей Лавров матлаберо дар бораи муносибатҳои Москва ва Нурсултон дар "Российская газета" нашр ва ба мавҷудияти бегонаситезӣ зидди русзабонҳо дар Қазоқистон ишора карда буд.

"Таърихи навини Русия ва Қазоқистон пешрафти назаррасеро дар таҳкими ҷомеа ва ваҳдати байни миллатҳо ба намоиш мегузорад. Вале мутаассифона, мо вақтҳои ахир шоҳиди як қатор зуҳуроти бегонаситезӣ зидди шаҳрвандони русзабони Қазоқистон шудем", - изҳор доштааст вазири умури хориҷии Русия.

Баҳси муносибатҳои байни миллатҳо ва вазъи русзабонҳо дар Қазоқистон вақтҳои ахир дар сатҳои гуногуни Русия фаъол шудааст. Расонаҳои Русия низ менависанд, ки ҳуқуқи русзабонҳо дар Қазоқистон "поймол" мешавад. Вале мақомоти қазоқ ин ҳамаро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG