Ссылки доступа

Меркел аз Путин барои ҳалли буҳрони муҳоҷирон кумак хост


Садри аъзами Олмон Ангела Меркел аз президенти Русия Владимир Путин хостааст, дар ҳалли буҳрони муҳоҷирон дар марзи Белорус бо Лаҳистон кумак кунад.

Ба иттилои сомонаи расмии садри аъзами Олмон, Меркел барои баррасии вазъи муҳоҷирон дар марз бо Лаҳистон ба Путин занг задааст. Ӯ истифодаи муҳоҷиронро ҳамчун абзори зидди Иттиҳоди Аврупо "ғайриинсонӣ" номида, аз президенти Русия дархост кардааст, ки ба режими Минск фишор биорад.

Хадамоти матбуотии Кремл иттилоъ додааст, ки Путин дар навбати худ пешниҳод кард, то миёни намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва режими Александр Лукашенко гуфтугӯи мустақим ба роҳ монда шавад. Ҳар ду ҷониб дар бораи ҳосил шудани созише дар ин суҳбат хабар надодаанд.

Вазъ дар марзи Белорус бо Лаҳистон рӯзи душанбеи 8 ноябр бад шуд. Он замон чанд ҳазор муҳоҷир ба наздики марз омаданд, ки талош доштанд, вориди Иттиҳоди Аврупо шаванд. Марзбонон ва низомиёни Лаҳистон тавонистанд, ки садди роҳи муҳоҷирон шаванд. Муҳоҷирон дар навбати худ дар наздикии марз хайма заданд.

Белорус Лаҳистонро дар муносибати ғайриинсонӣ нисбати муҳоҷирон айбдор кард. Иттиҳоди Аврупо режими Лукашенкоро дар барқасдона доман задани буҳрони муҳоҷират ва ташкили интиқоли ҳазорон муҳоҷири ғайриқонунӣ ба марзҳои Иттиҳоди Аврупо айбдор кард. Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, иқдоми Белорус ба хотири таҳримҳоест, ки Аврупо нисбати режими Лукашенко ҷорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG