Ссылки доступа

Ширкати "Аэрофлот"-и Русия мумкин аст, аз сӯи Ғарб таҳрим карда шавад


Мақомоти Иттиҳоди Аврупо имкони ҷорӣ кардани таҳримҳо нисбати ширкати ҳавопаймоии "Аэрофлот"-и Русияро баррасӣ доранд.

Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, ин ширкат дар доман задани буҳрони муҳоҷират дар марзи Белорус бо Лаҳистон даст дорад. Дар бораи эҳтимоли ҷорӣ кардани таҳримҳо нисбати "Аэрофлот" хабаргузории "Bloomberg" иттилоъ медиҳад.

Ҳамсуҳбатони хабаргузорӣ гуфтаанд, мумкин аст, нисбати шахсони воқеӣ ва ширкат, ки дар интиқоли муҳоҷирон ба марзҳои Иттиҳоди Аврупо даст доранд, таҳрим ҷорӣ карда шавад. Ин эҳтимол ҳам мавҷуд аст, ки нисбати ширкати туркии "Turkish Airlines" таҳрим ҷорӣ шавад. Иттиҳоди Аврупо метавонад, дар ибтидои моҳи декабр таҳримҳояшро эълом кунад, хабар медиҳад "Bloomberg".

Ҷорӣ кардани таҳримҳоро нисбати ин ду ширкати ҳавопаймоӣ пештар аз ин президенти ИМА Ҷо Байден бо раиси Комисияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен баррасӣ карда буд.

Вазъ дар марзи Белорус бо Лаҳистон рӯзи душанбеи 8 ноябр якбора бад шуд. Он замон чанд ҳазор муҳоҷир ба марзи Лаҳистон наздик омада, талоши ворид шудан ба он кишварро карданд. Марзбонон ва низомиён монеи вуруди муҳоҷирон шуданд.

Белорус Лаҳистонро дар муносибати ғайриинсонӣ нисбати муҳоҷирон айбдор кард. Иттиҳоди Аврупо режми Лукашенкоро дар бадсозии буҳрони муҳоҷират айбдор донист.

XS
SM
MD
LG