Ссылки доступа

Ба уйғуртаборе, ки ҳаққи иқомат дар Қазоқистонро дошт, ихроҷ ба ватан таҳдид мекунад


Смайыл Абилкасым перед зданием миграционной службы. Павлодар, 11 ноября 2021 года

Хадамоти муҳоҷирати вилояти Павлодари Қазоқистон 10 ноябр иҷозатномаи зисти муваққати шаҳрванди уйғуртабори Чин Смайил Абулқосимро бозпас гирифтааст ва ҳоло ба ӯ ихроҷ ба ватан таҳдид мекунад.

Ба гуфтаи вакили дифои уйғуртабор Олмагул Бахранилова 10 ноябр ба маҳалли кори шахси зери ҳимояи ӯ нозири минтақавӣ омада, ӯро ба хадамоти муҳоҷират бурдааст.

Нозири минтақавӣ санадеро ба Смайил Абулқосим нишон додааст, ки дар он гуфта мешавад, мутахассисони хадамоти муҳоҷирати шаҳри Нурсултони Қазоқистон ҳангоми додани иҷозатнома ба ӯ иштибоҳ кардаанд.

Дар натиҷа мутахассисоне, ки дар асоси "ба поён расидани муҳлати раводид (виза)-и уйғуртабор ба вай иҷозатномаи зист додаанд, ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд.

Вакили дифои Смайил Абулқосим бозхонд шудани иҷозатномаи шахси зери ҳимояашро ғайриқонунӣ меномад.

XS
SM
MD
LG