Ссылки доступа

Ҳомиёни ҳуқуқ истирдоди Озод Исоқовро ба Туркманистон ғайриқонунӣ номиданд


Азат Исаков 
Азат Исаков 

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ гуфтанд, истирдоди мухолифи бедаракшудаи туркман Озод Исоқов аз Русия ба ватан ғайриқонунӣ сурат гирифтааст.

"Мемориал" ва "Бунёди Хелсинкии Туркманистон" - ду созмони ҳомии ҳуқуқ ҷузъиёти бедаракшавӣ ва истирдоди Исоқовро, ки вазорати умури дохилии Русия гуфт, "ихтиёрӣ" ба ватан баргштааст, ошкор карданд.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, мухолифи туркман, ки шиносномаи худро гум карда буд, дар рӯзҳои вуҷуд надоштани парвозҳои мунтазам наметавонист ба ватан баргардад.

Исоқов 20 октябри соли равон ба дустони худ паём фиристодааст, ки ба маҳалли зисти ӯ кормандони пулис омадаанд ва ӯ талош дорад, ки пинҳон шавад. Сипас тамос бо ӯ қатъ шуд.

Вазорати корҳои дохилии Русия 9 ноябр ба дархост дар бораи муайян кардани маҳалли будубоши Озод Исоқов посух дод. Муовини сардори идораи фаврӣ-ҷустуҷӯии вазорати умури дохилии Русия Михаил Карпунин дар посухи расмӣ гуфт, фаъоли туркман 22 октябри имсол аз фурудгоҳи шаҳри Москва ба Туркманободи Туркманистон парвоз кард.

Карпунин пешниҳод кардааст, ки барои муайян кардани маҳалли будубоши минбаъдаи фаъоли туркман ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркманистон муроҷиат кунанд.

Мухолифи 37-солаи туркман Озод Исоқов, ки дар Русия кору зиндагӣ мекард, 20 октябр дар вилояти Москва бедарак шуда буд.

XS
SM
MD
LG