Ссылки доступа

Раиси вилояти Алматои Қазоқистон низои "байниқавмӣ"-ро дар Пиҷим рад мекунад


Раиси вилояти Алматои Қазоқистон гуфт, низоъ дар деҳаи Пиҷими қазоқнишину уйғурнишин дар заминаи хусумати қавмӣ сар назадааст.

Ба гуфтаи раиси вилоят, афроде пайдо шуданд, ки аз занозании хонандагони мактаб истифода бурда, "тартиботи оммавиро вайрон кардаанд".

"Хонандагон дар мактаб занозанӣ кардаанд. Хонаводаҳои онҳо мулоқот ва рӯйдодро муҳокима кардаанд. Аммо афроди фурсатталаб ҷамъ шуда, дар кӯчаҳо тартиботи ҷамъиятиро вайрон ва сӯи манзили дигарон санг партофтанд. Ҳамаи онҳо рӯйхат шудаанд. Ҳамаи касоне, ки тартиботро вайрон карданд, ба ҷавобгарӣ ҷалб мешаванд", - гуфт Амондик Баталов, раиси вилоят.

Аммо намояндаи вазорати корҳои дохилии Қазоқистон Асет Оспанов пештар гуфта буд, ки низоъ дар заминаи "хусумати қавмӣ" сар задааст.

Занозании хонандагон рӯзи 27 откябр дар деҳаи Пиҷим рух дод. Вале дар натиҷи низои шабона байни сокинон як марди 53-сола маҷруҳ шуд. Инчунин як гуруҳи одамон шишаи чанд манзилу мошинро шикастанд.

Пулиси вилояти Алмато бо моддаҳои "барқасдона расонидани зарар ба молу мулки ғайр" ва "авбошии гуруҳӣ" парванда боз кардааст.

Мақомоти Қазоқистон низоъҳои байниқавмиро эътироф намекунанд. Фоҷиабортарин низои қавмӣ дар Қазоқистон моҳи феврали соли 2020 дар ноҳияи Кордайи вилояти Ҷамбил миёни қазоқҳо ва дунганҳо рух дод. Он замон 11 кас кушта, бештар аз 50 тани дигар маҷруҳ ва 25 манзил, 30 иншооти ёрирасон ва 40 мошин хароб карда шуд.

XS
SM
MD
LG